LIVE

Мавсим дар Лигаи Чемпионҳо ва Лигаи Аврупо хотима ёфт

УЕФА дар сомонаи расмии хеш дар мавриди муваққатан манъ шудани ду мусобиқаи бонуфуз - Лигаи Чемпионҳо ва Лигаи Аврупо хабар дод. Тамоми бозиҳое, ки мебоист ҳафтаи оянда баргузор шаванд, барҳам хӯрданд ва муҳлати баргузории онҳо ҳанӯз маълум нест. Ин хулоса бо сабаби хурӯҷи бемории тоҷвирус бароварда шуд. 
Қаблан ба хотири пешгирӣ аз сирояти инсонҳо бозиҳо бидуни мухлис гузаронида шуд, аммо баъдан ин қарор низ бекор гардид ва УЕФА ба хулосае омад, ки бозиҳо манъ карда шаванд. 
Сирояти вируси COVID-19 дар Чин охири соли гузашта пайдо шуд. Ба иттилои созмони байналмиллалии беҳдошт бар асари ин беморӣ 4,9 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд. Ҳамчунин аз ин беморӣ 70 ҳазор одамон шифо ёфта, феълан шумораи сироятёфтагон ба 134 ҳазор нафар расид.

Next Post

Комментарии 2

Абдрауф Ганиев
Абдрауф Ганиев от 13 марта 2020 21:00
Ин хамааш як имтихони худо аст. Мо бояд сабрро меша намоем. Зеро худованд хамрохи сабркунандагон аст
maschohi
maschohi от 17 марта 2020 10:41
Номи мавзуъ нодуруст навишта шудааст. Дар сарлавха навишта шудааст ки Мавсим хотима ёфт ва дар матн омада ки муваккатан... кадомаш дуруст мо бояд худ муайян кунем...

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив