LIVE

Лағви бозии мунтахабҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

Бозии рафиқона миёни мунтахабҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, ки мебоист рӯзи 31-уми март дар Ӯзбекистон баргузор шавад, барҳам дода шуд. Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон ба хулосае омад, ки бо мақсади пешгирӣ аз хурӯҷи вируси тоҷ ин дидорро баргузор накунад.  
Ёдовар мешавем, ки қаблан бо ин мушкилот бозии рафиқона байни тимҳои миллии футболи Тоҷикистон бо АМА ва Ҳиндустон, ки баргузориаш моҳи март дар нашқа буд, лағв шуд. 
Ҳамчунин рақобатҳои даври интихобии Чемпионати Ҷаҳон - 2022 миёни яккачинҳои Тоҷикистон ва Муғулистон ба вақти дигар гузаронида шуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив