LIVE

“Истиқлол” шикаст хурд

Дар доираи омодагиҳо ба даври интихобии Лигаи Чемпионҳои Осиё дастаи «Истиклол» бо «Қуқанд-1912»-и Ӯзбекистон  бозии санҷишӣ анҷом дод. Дар ин дидор қаҳрамони футболи Тоҷикистон бо ҳисоби 2 бар 1 шикаст хурд. Ягона голи «Истиклол»-ро ҳамлагар Манучеҳр Ҷалилов ба самар расонид.  Рӯзи 13-уми январ «Истиклол» бо тими футболи дигари Ӯзбекистон «Пахтакор» бозии рафиқона анҷом медиҳад.  Ёдовар мешавем, ки дар даври дуюми интихобии Лигаи Чемпионҳои Осиё «Истиклол» бо дастаи «Локомотив»-и Ӯзбекистон рақобат мекунад. Дидори мазкур рӯзи 21-уми январ дар Тошканд баргузор мешавад.  Барои роҳ ёфтан ба бозиҳои гурӯҳии Лигаи Чемпионҳои КФО – 2020 «Истиклол»-ро мебояд, ки бар дастаҳои футболи «Локомотив»-и Ӯзбекистон  ва «Ал-Аҳли»-и Арабистони Судӣ ғалба кунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив