LIVE

Ғолиби Лигаи Чемпионҳои Осиё-2019 муайян шуд

Дар бозии ҷавобии даври финалии Лигаи Чемпионҳои Осиё-2019 дастаҳои "Ал-Ҳилол"-и Арабистони Саудӣ ва "Урава Редс"-и Ҷопон рақобат кардаанд. Набарди тимҳо пуршиддат сурат гирифта, бо ҳисоби 2:0 ба фоидаи "Ал-Ҳилол" ба анҷом расид. Дар ин дидор голҳои ғолибонро Салим Ал Досарӣ (дақиқаи 74) ва Бафетимби Гомис (дақиқаи 90+3) ба самар расониданд. Ёдовар мешавем, ки финали Лигаи Чемпионҳои Осиё аз ду бозӣ иборат буда, дар бозии нахустин низ футболбозони Арабистони Саудӣ бо натиҷаи 1:0 дастболо шуда буданд. Ҳамин тавр бошгоҳи футболи "Ал-Ҳилол" ғолиби Лигаи Чемпионҳо Осиё дар соли 2019 дониста шуд. Бошгоҳи "Ал-Ҳилол" маротибаи сеюм дар таърихи мавҷудияти хеш ба гирифтани ин ҷоизаи пурбаҳо даст ёфтааст. Даста қаблан дар солҳои 1991 ва 2000 ба ин натиҷаи даст ёфт. Пас аз 19 соли интизорӣ боз футболбозони арабӣ дигарбора ба хазинаи дастмӯзаҳояшон як ҷоизаи арзишноки дигар илова намудад.
Лигаи Чемпионҳои Осиё-2019
Финал
Бозии дуюм
"Урава Редс" – "Ал-Ҳилол" – 0:2
Гол: Салим Ал Досарӣ 74, Бафетимби Гомес 90+3.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив