LIVE

Лигаи кӯдакону наврасони футболи Тоҷикистон дар Осиё беҳтарин эълон шуд

Лигаи кӯдакону наврасони футболи Тоҷикистон бо ҷоизаи беҳтарин лигаи наврасон дар Осиё дар соли 2019 мукофотонида шуд. Маросими супурдани ҷоизаҳо 12-уми ноябр дар пойтахти Малайзия - Куала-Лумпур – дар ҷараёни конфронси севуми ҷавонони Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) доир гардид.
Ҷоизаи вижаи беҳтарин лигаи наврасон дар Осиё дар соли 2019-ро дабири кулли КФО Дато Виндзор Ҷон ва нимҳимоятгари собиқи «Манчестер Юнайтед»-и Англия ва мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ Пак Чжи Сун ба мудири Лигаи кӯдакону наврасони футболи Тоҷикистон Увайдо Давлатбеков тақдим намуданд.
«Миннатдории хешро ба Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ барои ғамхориҳои бепоён ва диққати ҷиддӣ андохтан ба Лигаи кӯдакону наврасони футболи Тоҷикистон мерасонам. Дар Тоҷикистон тайи чанд сол аст, ки мусобиқоти лигаи наврасон дар се гурӯҳ миёни футболбозони U-15, U-17 ва U-18-сола баргузор мешавад ва дастаҳо муборизаи оштинопазир мебаранд. Гирифтани ҷоизаи ҳайсиятӣ аз КФО ин, дар ҳақиқат, дастоварди бузург барои футболи кӯдакону наврасон дар Тоҷикистон аст. Мо аллакай маҳсули меҳнати худро мебинем ва мехоҳам ба ҳамаи дастаҳое, ки дар мусобиқоти мо ширкат меварзанд, изҳори сипос намоям. Ин ҷоиза ҳанӯз оғози кор аст ва мо азми комил дорем, ки солҳои наздиктарин лигаи худро васеъ ва беҳтар кунем», – иқтибос меорад сомонаи расмии ФФТ аз суханҳои Увайдо Давлатбеков.
Аз рӯи номинатсияҳои дигар ҷоизаи беҳтарин мураббии сол дар футболи ҷавонон ба Абдулваҳҳоб Носир Ал-Ҳарбӣ, ки бо раҳбарии ӯ мунтахаби наврасони Арабистони Саудӣ (U-16) ғолиби мусобиқаи қаҳрамонии Федератсияи Ғарбии футбол гардид, супурда шуд. Ҳамчунин Академияи бошгоҳи футболи «Шандун Лунэн Тайшан»-и Чин, ки беҳтарин академияи ҷавонони сол дар Осиё эътироф шуд, бо ҷоизаи КФЛ сарфароз гашт.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив