LIVE

«Соро» Лигаи Чемпионҳоро бо бохт оғоз кард

Чӣ тавре, ки қаблан хабар дода будем, аз 7-ум то 17-уми август дар шаҳри Бангкоки кишвари Тайланд Лигаи Чемпионҳои Осиё оид ба футзал баргузор мешавад, ки дастаи “Соро” дар ин чорабинӣ Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад. Имрӯз, 8-уми август дар доираи бозиҳои марҳилаи гурӯҳӣ шогирдони Пайрав Воҳидов нахустин бозии худро бар муқобили “Вамос Матарам” баргузор намуданд. Дидори дастаҳо ҷолибу тамошобоб сурат гирифта, бо ҳисоби 6:4 ба суди “Вамос Матарам” хотима ёфт. Бояд гуфт, ки футзалбозони мо аз ҳисоби 4:0 натиҷарор баробар намуданд, вале мутаасифона дастаи рақиб дар нафасҳои охири дидор ду голи дигар ба самар расонида, ҳисобро 6:4 намуд. “Соро” бозии дуюми худро санаи 10-уми август бо дастаи “Банк оф Бейрут”-и Лубнон баргузор мекунад. Ёдовар мешавем, ки ин аввалин қадамҳои бошгоҳи “Соро” дар Лигаи Чемпионҳои Осиё оид ба футзал мебошад. 
Лигаи Чемпионҳои Осиё оид ба футзал
Марҳилаи гурӯҳӣ 
Гурӯҳи “С”
Бозии якум
“Вамос Матарам” – “Соро Компания” – 6:4

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив