LIVE

Манъи муваққатии бозиҳои футбол дар Италия

Кумитаи миллии олимпии Италия тамоми намуди чорабиниҳои варзиширо бинобар паҳншавии бемории коронавирус дар кишвар то 3-юми апрел манъ кард.  Дар ин раванд бозиҳои Чемпионати Италия низ лағв шуданд. Дар Италия  айни замон зиёда аз 7 ҳазор нафар гирифтори ин беморӣ шудаанд, ки ин нишондод дар ҷаҳон баъди Чин дуюм аст. Ёдовар мешавем, ки вируси корона моҳи декабри соли 2019 дар Чин  ба қайд гирифта, шуда то ин дам 3,8 ҳазор нафарро ба коми марг бурд. Ҳамзамон дар ин раванд зиёда аз 60 ҳазор одамон табобат ёфтанд. Гуфта мешавад, ки қарори қабулнамудаи Кумитаи миллии олимпии Италия ба мусобиқаҳои байналмилалӣ дахолат карда наметавонад. Аз ин рӯ бозиҳои хонагии дастаҳои итолиёвӣ дар чемпионатҳои аврупоӣ аз рӯи нақша бе ҳузури мухлисон доир  мегарданд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив