LIVE

Мусовии “Барселона” бо “Славия”

Дар бозии даври 4-уми марҳилаи гурӯҳии Лигаи Чемпионҳо бошгоҳи “Славия”-и Чехия ба меҳмонии “Барселона” сафар намуд. Набарди тимҳо дар “Камп Ноу” сурат гирифта, бо ҳисоби мусовии 0:0 хотима ёфт. Гарчанде, ки “нилунориҳо” якчанд ҳолати хуби голзанӣ дошанд, аммо дарвозабони пуртаҷрибаи меҳмонон ҳамаи зарбаҳои онҳоро бартараф намуда, дарвозаашро аз гол эмин нигоҳ дошт. Барселонае, ки ин мавсим дар ЛЧ даъвои қаҳрамонӣ дорад бо чунин бозии сусту заиф ва якдигарнофаҳмии футболбозон ҳатто ба даври ¼ ниҳоӣ роҳ ёфтанаш зери суол аст. Ин мавсим “Барселона” на танҳо дар ЛЧ балки дар Ла Лига низ дучори машақатҳои зиёде аст. Дар нокомиҳои асосии “Барселона” сармураббии даста Эрнесто Валверде айбдор аст, чаро ки ӯ тактикаи доимии дастаро аз бай бурдааст. Хулоса “Барселона” то куҷо роҳ меёбда инро вақт нишон хоҳад дод. Дар айни ҳол “Барселона” бо касби 8 хол садрнишини ҷадвали гурӯҳи “Ғ” ба шумор меравад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив