LIVE

Мусовии "Боруссия"-и Д ва "Барселона"

“Барселона” имсол як мақсад дорад танҳо ғолиби Лигаи Чемпионҳо шудан. Аммо мо ба ин савол танҳо баъд аз финали Лигаи Чемпионҳо ҷавоб хоҳем ёфт, ки кадом даста қаҳрамон мешавад. Ҳанӯз ҳам бохти нангину ба қавле шармандавори “Барселона” аз “Ливерпул” бо ҳисоби калони 4:0 аз хотири мухлисон ва ҳаводорони ин тим нарафтааст. Қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Лигаи Чемпионҳо дар гурӯҳи “F” се дастаи беҳтарини Аврупо, “Барселона” “Боруссия”-и Д ва “Интер”-ро ба ҳам овард. Имрӯз “нилунориҳо” бозии нахустини хешро бар муқобили “Боруссия” баргузор намуданд. Бозӣ байни тимҳо баробар ҷараён гирифт. Дар дақиқаи 57-уми бозӣ сарвони мизбонон Марко Ройс пеналтиро ба самар расонида натавонист, чаро ки Марк Андре тер Штеген ин зарбаро бартараф намуда, “Барселона”-ро аз голи сад дар сад наҷот дод. Ҳамин тавр кӯшишу талошои дастаҳо бефоида аном ёфта, бозӣ мусовӣ бо ҳисоби 0:0 хотима ёфт. Рақобати дигари гурӯҳи мазкур байни дастаҳои “Интер” ва “Славия” бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфт. 

Лигаи Чемпионҳо 2019/20
Бозии якум 
Марҳилаи гурӯҳӣ
Гурӯҳи “Ғ”
“Боруссия”-и Д – “Барселона” – 0:0
“Интер” – “Славия” – 1:1
Голҳо: Петер Олайинка 63, Николо Барелла 90+2.


Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив