LIVE

"Барселона" боз имтиёз аз даст дод

Дар 25 соли охир бори аввал аст, ки “Барселона” мавсимро чунин бебарор оғоз мекунад. Шогирдони Эрнесто Валверде ин мавсим дар бозиҳое, ки дар меҳмонӣ баргузор шудаанд, дар ягонтаашон пирӯзӣ ба даст наовардаанд. Мухлисон ва ҳаводорони “Барселона” умед доштанд, ки баъди бозгашти сарвони даста Лео Месси ҳамаи ин мушкилиҳо бартараф шуда, каталониҳо марҳилаи пирӯзиҳои пай дар пайро оғоз мекунанд. Бади бозгашти Месси “Барселона” бадтар шуду беҳтар не. Чӣ тавре, ки маҷаллаҳои испанӣ менависанд, мушкилии асосии нокомиҳои “Барселона” ин сармураббии даста Эрнесто Валверде мебошад, ки якчанд футболбози калидии даста зидди ин мутахассиси испанӣ баромадаанд. Баъди нокомии навбатӣ даста мухлисони “Барселона” бо шиори #VALVERDEOUT бар муқобили ӯ баромаданд, ки истеъфо диҳад. Ҳоло дар бораи аз вазифа барканор намудани Валверде хабарӣ расмӣ низ нашр нашудааст. Фикр мекунам, ки агар нокомиҳои “нилунориҳо” рӯзҳои наздик поён наёбанд, онгоҳ Эрнесто аз мақомаш барканор мешавад. Дар даври 5-уми Ла Лига “Барселона” дар меҳмонии “Гранада” бо ҳисоби 2:0 шикаст хурд. Ин натиҷа бори дигар Президенти дастаро ҳушдор намуд, ки вазъият ва мушкилиҳои тимро бартараф намояд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив