LIVE

Кӯмаки молиявии ФИФА ба 211 федератсия

Федератсияи байналмилалии футбол тасмим гирифтааст дар ин лаҳзаҳои душвор ба аъзои худ кӯмаки молӣ ироа намояд. ФИФА дар рӯзҳои наздик ба 211 аъзои худ ба миқдори 150 миллион доллари амрикоӣ кӯмак хоҳад дод. Ин кӯмакҳои молӣ барои мавсими 2019 ва 2020 ба ҷомеаи футболии ҷаҳонӣ, ки аз пандемияи Ковид - 19 зарар дидаанд, дар назар гирифта шудааст. Дар эъломияи дафтари матбуотии ФИФА омадааст: маблағи мазкур байни 211 федератсияҳои миллӣ тақсим карда мешавад. Чунин нақшаи кӯмаки молӣ ба хотири кори пурсамари ФИФА дар чор соли гузашта имконпазир шудааст ва дар марҳилаҳои баъдӣ ин нақша дар ҳоли баррасӣ қарор дорад. Гуфта мешавад, ки кӯмакҳои ироашуда барои коҳиши таъсири Ковид - 19, бахусус дар заминаи уҳдадориҳои молии федератсия харҷ хоҳад шуд.
Ҷани Инфантино президенти ФИФА дар шарҳи ин иқдом гуфтааст, ки пандемия мушкилоти фарогиреро барои ҷомеаи футболӣ ба вуҷуд овард.  ФИФА ҳамчун ниҳоди роҳбарикунандаи арса бояд ба мушкилоти федератсияҳо расидагӣ намояд. Бинобар ин мо аз кӯмаки молиявӣ оғоз кардем, зеро федератсияҳо бо мушкилоти молиявӣ гирифтор шудаанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив