LIVE

Изҳороти махсуси Президенти ФИФА

Хурӯҷи бесобиқаи коронавирус, ки ба ҷони ҳазорҳо нафар хатари ҷиддӣ ворид сохту боиси марги садҳо тани дигар гардид, Федератсияи байналмилалии футболро низ дар канор нагузошт. Президенти ФИФА - Ҷанни Инфантино дар мавриди ҳолати имрӯзаи дастаҳои футбол ва нақшаҳои баъдии федератсияҳо барои баргузории мусобиқотҳои ба таъхиргузошта ибрози назар кард. 
Ҷанни Инфантино дар мавриди ҳолати имрӯза қатъ шудани рақобатҳои ҷолиби ҷаҳонии футболро ибрози андеша намуд. Инфантино изҳори миннатдорӣ аз кормандони соҳаи тиб намуд, ки новобаста аз ин ҳолати хатарнок онҳо бе чунучаро барои пеши роҳи ин ваборо гирифтан мубориза бурда истодаанд. Ӯ қайд намуд, ки мунтахабҳо ва дар умум дастаҳои футбол ҳамон вақт ба майдон мебароянд, ки саломатии онҳо дар хатар набошад. 

Саломатӣ дар ҷойи аввал аст, баъд дигар чизҳоро фикр кардан лозим. Танҳо бояд умедвор шавем, ки ҳолати имрӯзи ҷаҳон аз ин вирус беҳтар хоҳад шуд ва баъдан метавонем бо боварии том ва омодагии хуб ба майдон бароем. Воқеан ҷаҳони имрӯз дар ҳолате қарор дорад, ки ба ақли одамӣ рост намеояд. Хусусан кишварҳои аврупоӣ, ки бештари мусобиқотҳои футбол дар ин қора баргузор мешаванд. Мо дар миёни маргу зиндагӣ қарор дорем ва набояд саломатии худро дар хатар гузорем. Тамоми федератсияҳо ва лигаҳо бояд аз тавсияҳои Созмони байналмилалии беҳдошт хуб истифода кунанд. Ман боз ҳам миннатдории худро ба кормандони соҳаи тиб мерасонам, ки онҳо воқеан ҳаёти худро дар хатар гузошта, барои саломатии ҷомеа мубориза бурда истодаанд. Онҳо қаҳрамонанд. Мо бо ҳайатҳо ва роҳбарони дастаҳои аврупоӣ ва Амрикои Ҷанубӣ мулоқот кардем. Акнун дар мавриди тақвимҳои нав ва баъзе тағйиротҳое, ки ба нафъи мо буда метавонад, бояд андеша кунем. Қаблан Президенти ФИФА Инфантино дар мавриди паҳншавии коронавирус ва роҳҳои пешгирӣ аз он ба мухлисон тавсия дода буд, ки аз ворид шудан ба варзишгоҳ то муҳлати муайян худдорӣ намоянд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив