LIVE

ФИФА зидди вируси тоҷ мубориза мебарад

ФИФА ё худ Федератсияи байналмилалии футбол ролики таблиғотиро ба навор гирифт, ки дар он мураббиёни маъруф ба монанди Венгер, Моуриню ва худи Президенти ФИФА -  Ҷанни Инфантино низ иштирок карданд. 
ФИФА дар ҳамкорӣ бо созмони тандурустии беҳдошт, дар мавзуи  пешгирӣ аз коронавирус ролики тарғиботӣ таҳия намуда, пешниҳод кард.
«Мо ҳама медонем, ки ҳолати ба миёномода дар масоли коронавирус ҷиддӣ аст.  Мо бояд саломатиро дар мадди аввал гузорем. Панҷ омил ё усуле ҳаст, ки бар муқобили вируси тоҷ мубориза бурдан мункин аст. Ҳамаи шуморо барои иҷрои он даъват месозам гуфтааст, собиқ сармураббии «Арсенал» - Арсен Венгер.
"Ҳама аз дастони Шумо шуруъ мешавад, хоҳиш, ки дастонатонро хуб шӯед ва агар имкон дошта бошед аз маҳлулҳои дар таркибашон спиртдошта истифода баред, гуфтааст, собиқ сармураббии «Тоттенхэм Хотспур» - Маурисио Почеттино.
«Хуб мешуд агар вақти атса задан, даҳонатонро пӯшонед  ва ниқоб истифода карда, баъд аз истифода онро партоед", гуфтааст сармураббии дастаи занонаи «Манчестер Юнайтед» -Кейси Стоуни.
"Кӯшиш кунед то бо дастонатон чамш, бинӣ ва даҳонатонро нақапед.  Ин имкон медиҳад, ки шумо аз сирояти вируси тоҷ организми худро эмин нигоҳ доред", гуфтааст, сармураббии дастаи мунтахаби Сенегал - Алиу Сиссе.
«Дар вақти сӯҳбат як қадам ба ақиб гузоред. Дар ҷойҳои ҷамъиятӣ агар нафаре сулфа ё атса занад, кӯшиш кунед, ки аз онҳо дур бошед. Иқрор шудааст», сармураббии «Тоттенхэм» -Жозе Моуриню.
"Агар Шумо худро бад ҳисоб мекунад, пас аз хона берун набароед. Ин беҳтарин омили пешгирӣ аз хурӯҷи вирус мебошад. Дар чунин ҳолат аз тавсияҳои табибон истифода кунед",  Гуфтааст, сармураббии мунтахаби занонаи ИМА - Ҷилл Эллис.
"Хоҳиш ҳамеша дар ҳолати омодабош қарор бигиред. Ин ҳама тавсияҳои дар боло зикршударо иҷро намоед ва ин дастгирии шумо ба созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар самти пешгирӣ аз хурӯҷи вируси тоҷ хоҳад буд. Мо дар якҷоягӣ бар муқобили ин бозии мушкил мубориза мебарем", гуфтааст  Инфантино.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив