LIVE

ФИФА ба занҳои Эрон озодӣ овард

Дар Эрон бори аввал аз соли 1981 ин ҷониб барои тамошои футбол ба майдон омадани занҳоро иҷозат доданд. Ин воқеа дар бозӣ байни мунтахабҳои Эрон ва Камбоҷа рух дод. Дар ин вохӯрӣ барои занҳо бахши алоҳидаро дар нишастгоҳи варзишгоҳ ҷудо намудаанд ва шумораи зиёди занҳо хет – трики ҳавлавари мунтахаб Сардор Озмунро аз наздик диданд. Ин дидор дар маҳилаи дуюми интихобии Чемпионати ҷаҳон– 2022 санаи 10 октбр дар варзишгоҳи 100 ҳазораи “Озодӣ” доир гардид ва Эрон бо ҳисоби бузургӣ 14:0 ғалаба бадаст овард. Акнун ҳукумати Эрон ба фишорҳои ФИФА тоб наовард ва ба хулосае омад, ки ба занҳо низ ҳуқуқи ба варзишгоҳ омаданро бидиҳад. Ёдовар мешавем, ки тобистони ҳамин сол президенти ФИФА Ҷанни Инфантино ҳукумати Эронро зерӣ танқид қарор дода ва аз Президенти ин кишвар Ҳасани Руҳонӣ даъват ба амал овард, ки то иҷозат бидиҳад ба занҳо баҳри омадан ба тамошои футбол ба варзишгоҳ. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив