LIVE

Ҷоми ҷаҳон 2022-ро аз дасти Қатар мегиранд

Ҷозеф Блаттер собиқ президенти Федератсияи байналмилалии футбол кишварҳоеро номбар кард, ки метавонанд Ҷоми ҷаҳони футболро дар соли 2022 ба ҷои Қатар баргузор кунанд. Дар ин бора espn.com хабар дод.
"Иёлоти Муттаҳидаи Амрико метавонад Ҷоми ҷаҳонро ба ҷои соли 2026 доир намояд. Онҳо қобиланд ин рокетсозӣ нест. Ҷопон низ метавонад қаҳрамонии ҷаҳонро баргузор кунад. Онҳо низ пешниҳод карданд, ки мизбони Ҷоми ҷаҳони-2022 шаванд. Хушбахтона дар Ҷоми ҷаҳони-2022 танҳо 32 даста хоҳад буд, на 48. Тавре президенти ФИФА - Ҷанни Инфантино нақша дошт. Корҳои ташкилӣ нисбат ба Ҷоми ҷаҳон-2018 зиёдтар намешаванд",-иқтибос меорад Блаттерро ESPN.
Қаблан Вазорати адлияи ИМА Россия ва Қатарро барои порадиҳӣ ба масъулини ФИФА ҷиҳати баргузории Ҷоми ҷаҳон айбдор кард. Ҷоми ҷаҳони-2022 дар Қатар барои давраи аз 21-уми ноябр то 18-уми декабр таъин шудааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив