LIVE

Мавқеи Тоҷикистон дар рейтинги нави ФИФА тағйир ёфт

Мавқеи Тоҷикистон дар рейтинг ё раддабандии нави Федератсияи байналмилалии футбол, ки имрӯз, 24-уми октябри соли 2019 дар сомонаи расмии ФИФА нашр шудааст, як зина поён рафта, дар байни 211 кишвар бо 1168 имтиёз дар ҷойгоҳи 116-ум қарор гирифтааст. Тоҷикистон дар байни дастаҳои мунтахаби миллии Осиё, ки ба КФО (Конфедератсиони футболи Осиё) шомиланд, мақоми 22-юмро соҳиб шудааст. Дар Осиё Эрон дар мақоми аввал (дар ҷаҳон бо 1505 имтиёз дар зинаи 27-ум) қарор дорад. Феҳрасти ФИФА аз соли 1993 ба ин сӯ тартиб дода шудааст. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар раддабандии ФИФА ҷойи 106-ум дар моҳи июни соли 2013 ва натиҷаи бадтаринаш ҷойи 180-ум дар соли 2003-юм мебошад. Феҳрасти ояндаи ФИФА 24-уми ноябр нашр хоҳад шуд. 
Раддабандии ФИФА: 
1. Белгия (1755 имтиёз)
2. Фаронса (1726)
3. Бразилия (1715)
4. Англия (1651)
5. Уругвай (1642)
6. Португалия (1632)
7. Хорватия (1631)
8. Испания (1625)
9. Аргентина (1617)
10. Колумбия (1615)
116. Тоҷикистон – 1168

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив