LIVE

Тиҷорати ситораҳои футбол дар Чин ба охир расид

Бинобар паҳншавии бемории Ковид-19 ҳамаи мусобиқаҳои варзишӣ дар Чин лағв гардиданд. Ин боис ба мушкилиҳои зиёди молиявӣ гардид. Баъди гуфтушунидҳои зиёд намояндагони дастаҳо барои коҳиш додани маош розӣ шуданд. Аз 31-уми март музди меҳнати тамоми кормандони футбол кам карда мешавад. Ин иқдом то оғоз шудани мавсим идома мекунад. Расонаҳо менависанд, ки мавсими футбол дар Чин моҳи май аз нав шуруъ мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив