LIVE

Супер Лигаи Ӯзбекистон манъ шуд

Дар кишвари Ӯзбекистон Чемпионати футбол ё худ Супер Лига ва тамоми чорабиниҳо ба муддати як моҳ лағв (бекор) карда шуд. Баъди итмоми даври 3-юми мусобиқаи Супер Лигаи Ӯзбекистон қароргоҳи футболи ин кишвар тасмим гирифт, ки аз сабаби бемории «коронавирус» бозиҳои Супер Лига ва бозии тими миллиро то як моҳи баъдӣ бекор кунанд.
Қарор буд 31-уми март тими миллии Ӯзбекистон бозии рафиқонаро бо мунтахаби Тоҷикистон барпо намояд.
Дар мусобиқаи Супер Лигаи Ӯзбекистон намояндагони футболи тоҷик - Амирбек Ҷӯрабоев - «Навбаҳор», Мӯҳсин Муҳаммадиев - сармураббии тими «Бухоро» ҳастанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив