LIVE

“Истиқлол” мавқеъашро беҳтар кард

Дастаи футболи “Истиқлол”-и Тоҷикистон дар рейтинги бошгоҳҳои Конфедератсияи футболи Осиё якбора 20 зина боло рафт. 
Баъди ширкат дар ду бозии муқаддамотии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё муқобили “Локомотив” ва “Ал Аҳлӣ” ва пирӯзӣ бар бошгоҳи “Хуҷанд”  дар Ҷоми КФО, имтиёзҳои "Истиқлол" - ро ба 34,56 расонид. Ҳоло “Истиқлол” дар зинаи 34-уми рейтинги бошгоҳи КФО қарор гирифтааст. Дар ин рӯйхат 170 дастаи кишварҳои Осиё шомиланд.
Дар рейтинги пешина, ки моҳи ноябри соли 2019 нашр шуда буд, “Истиқлол” дар ҷойи 54-ум ҷой дошт. Ба панҷгонаи беҳтарин дастаҳои Осиё "Ал Ҳилол" - и Арабистони Саудӣ, "Кашима" - и Ҷопон, "Шанхай Сипг" - и Чин, "Ал Дуҳайл" - и Қатар ва "Ал – Аҳлӣ" - и Арабистони Саудӣ шомиланд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив