LIVE

Бохти аламовари “Истиқлол” дар Лигаи Чемпионҳо

Дирӯз бозии тақдирсози дастаи “Истиқлол” барои роҳхати марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2020 бо тими “Ал-Аҳли”-и Арабистони Саудӣ доир шуд. Бозӣ дар варзишгоҳи Шоҳ Абдуллои шаҳри Ҷидда сурат гирифта, дастаи “Истиқлол” 90 дақиқа дар баробари ин ҳарифи пурқувват бозии ҷолибу муҷалло нишон дод. Футболбози дастаи “Истиқлол” - Виктор Свежов дар дақиқаҳои изофанамудаи охири бозӣ бар муқобили бозигари тими “Ал-Аҳли”дар ҷаримагоҳ ба қоидаситезӣ даст зад, ки довар зарбаи ҷаримавии 11 метра таъин намуд. Ҳамлагари ин бошгоҳи Арабистони Саудӣ - Юсеф Белайли пеналтиро ба гол анҷом дода, ғалабаи мушкили дастаашро дар ин дидор таъмин сохт. Ҳамин тариқ “Истиқлол” рақобатҳои худро дар Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2020  ҷамъбаст намуда, ҳамакнун ба Ҷоми КФО омодагиашро идома медиҳад. “Ал-Аҳли”-и Арабистони Саудӣ ба Лигаи қаҳрамонҳои Осиё роҳхат гирифт.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив