LIVE

Миннатдории Алишер Ҷалилов аз мухлисон

Сарвони дастаи “Истиқлол”-и Душанбе Алишер Ҷалилов дар нишасти хабарии пас аз бозии марҳилаи пешкии Лигаи чемпионҳои Осиё бо “Локомотив”-и Тошканд, ки дар он дастаи пойтахти Тоҷикистон бо ҳисоби 1 бар 0 пирӯз шуда, ба бозии плей-офф роҳ ёфт, чунин гуфт:
— “Мо қудратмандии «Локомотив» ва он чиро, ки онҳо тӯбро нағз идора карда метавонад, хуб медонистем. Аммо бачаҳо истодагарӣ карда, ба ҳадафи худ расиданд. Мехоҳам ба мухлисонамон ташаккури алоҳида баён созам. Мо дастгирии онҳоро комилан ҳис мекардем”.
Ёдрас мешавем, ки голи ягона ва ғалабаоварро дар ин бозӣ, маҳз Алишер Ҷалилов ба самар расонд. Воқеан, голи Алишер дар ин бозӣ хеле зебо ва диданӣ буд.
Акнун барои роҳ ёфтан ба марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳо “Истиқлол” дар сафар бо “Ал-Аҳлӣ»-и Арабистони Саудӣ рақобат мекунад. Бозӣ рӯзи 28 январ дар Арабистони Саудӣ, дар шаҳри Ҷидда баргузор хоҳад шуд.
Ба “Истиқлол” дар ин бозии муҳиму ҳалкунанда барору комёбӣ таманно дорем!

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив