LIVE

FIFA барои ҳунарнамоии Алишер Ҷалилов дар тими миллии Тоҷикистон иҷозат дод

Федератсияи умумиҷаҳонии футбол FIFA пас аз ирсоли номаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷиҳати ҳунарнамоии Алишер Ҷалилов дар тими мунтахаби Тоҷикистон ҷавоб гуфт. Ду рӯз пеш ба ФФТ номаи ҷавобӣ ирсол шуд ва дар он гуфта шудааст, ки футболбоз Алишер Ҷалилов метавонад дар тими мунтахаби Тоҷикистон аз ин пас бозӣ кунад. Дар ин бора роҳбари дафтари матбуоти ФФТ Фариддун Солиев иттилоъ дод. То ин дам бо сабаби ширкат дар ҳайати дастаҳои наврасони U-17 ва U-20-и мунтахаби Русия Алишер Ҷалилов наметавонист дар тими миллии Тоҷикистон бозӣ кунад. Бо ҳамин сабаб Ҷалилов дар бозиҳои дӯстонаи тими миллӣ ва мусобиқаи Ҷоми байниминтақавӣ-2019 ширкат карда натавонист. Алишер зодаи шаҳри Душанбе буда, дастпарвари бошгоҳи футболи "Рубин" мебошад. Ӯ соли 2019 ба ҳайати дастаи "Истиқлол" даъвт гардид ва дар чанд бозии ин даста ширкат ҳам кард. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив