LIVE

Голи нахустини Манучеҳр Ҷалилов дар мавсими нав

Ҳамлавари тими мунтахаби Тоҷикистон Манучеҳр Ҷалилов, ки айни замон шарафи бошгоҳи «Персебая»-ро ҳимоя мекунад, нахустин голи хешро дар мавсими нави Чемпионати Индонезия ба ҳадаф расонид. Манучеҳр Ҷалилови 28 сола дар бозии даври 7-уми Чемпионати Индонезия дар бозӣ бар муқобили дастаи «Барито Путера» муаллифӣ гол шуд. Вохӯрии дастаҳо бо ҳисоби мусовии 2:2 хотима ёфт. Баъди даври 7-ум дастаи Ҷалилов дар зинаи 4-уми ҷадвал қарор дорад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив