LIVE

Усмон Тошев: "Ягон бозингар аз мади назари мо дур намемонад"

Ин суханҳоро сармураббии дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ пеш аз бозӣ бо Афғонистон гуфт. Ба андешаи ӯ мунтахаби футболи кишвар айни замон дар марҳилаи нав қарор дошта, ба хотири интихоби дурусти футболбозон бозингарони дигарро ҳам ба тими миллӣ даъват намудааст. 

"Мунтазири чунин вохӯрӣ будем, зеро ин рақобат омодагии моро нишон хоҳад дод. Баъди ин рақобат маълум мекунем, ки кадом бозингарон ба чи қодир ҳастанд. Баъдан ба бозиҳои интихобии Ҷоми Ҷаҳон 2022, ки моҳи сентябр оғоз мешавад, омодагӣ мегирем. Дар бораи футболи Афғонистон аз наздик ошноӣ дорам. Тими хеле қавӣ ҷамъ оварда шудааст, вале ин барои мо ягон аҳамияте нахоҳад дошт"

Ба суоли он, ки чаро ба тими миллӣ футболбозон Фарҳод Восиев, Фатҳулло Фатҳуллоев, Манучеҳр Ҷалилов даъват нашуданд, сармураббӣ чунин посух дод. 

"Дар ин мавриди ин футболбозон маълумотӣ кофӣ дорам. Аз сабаби он, ки мо марҳилаи дурударози омодагиро мегузарем, шумоари бозингаронро ҷиҳати шомил шудан ба тими миллӣ зиёд намудем. Дарҳои дастаи мунтахаб барои ҳамагон боз аст. Муҳим нест, ки ба руйхати дастаи мунтахаб 22-25 бозингар бошад. Мо нақша дорем, ки 40 футболбозро ба руйхати умумӣ шомил намоем. Ин дар оянда барои сарчин кардани бозингарон барои тими миллӣ осон хоҳад буд."

Ғайр аз рӯзи 11-уми июн дастаи мунтахаби кишар дар шаҳри Гуанжоу бо тими миллии Хитой дар доираи бозии дӯстона рақобат хоҳад кард. Вохӯрӣ байни мунтахабҳои Тоҷикистону Афғонистон 7-уми июн дар варзишгоҳи марказии Душанбе соати 19:00 доир мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив