LIVE

Алишер омаду иқбол овард

Ниммуҳофизатгари бошгоҳи “Истиқлол”-и Душанбе Алишер Ҷалилов дар нахустин бозии хеш бо пироҳанҳои тими миллии кишвар ба задани гол даст ёфт. Ба ҳукми тақдир ин зарбаи ҳадафманду бо шаст задаи ӯ дар дақиқаи 42-юм голи ягона дар ин рӯёрӯӣ буд. 
Дар воқеъ бо сабаби дар ҳайати наврасони мунтахаби Россия бозӣ кардани Алишер Ҷалилов ӯ моҳи марти соли ҷорӣ натавонист дар бозиҳои санҷишӣ ва рафиқонаи кишвар ба майдон ояд. 
Кумита оид ба мақоми бозигарони Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол (FIFA) дар як номаи расмӣ ба унвони ФФТ рӯзи 19-уми июл хабар дод, ки ба нимҳимоятгари “Истиқлол” Алишер Ҷалилов иҷоза додааст, ки дар дастаи мунтахаби Тоҷикистон бозӣ кунад. 
Бошад, ки ин қадамҳои ҳумоюнии Алишер Ҷалилов бахту иқболи аз ин дида бештари футболиро ба миллипӯшони кишвар тақдим кунад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив