LIVE

Комёбии “Истиқлол” бар “Панҷшер”

Бошгоҳи «Истиқлол» -и шаҳри Душанбе дар бозии мавқуфмондаи даври 10-уми Лигаи олии мамлакат бо тими «Панҷшер» -и Ҷалолиддини Балхӣ майдондорӣ намуд. Набарди тимҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор шуда, бо ҳисоби 2:0 ба суди қаҳрамони феълии кишвар хотима ёфт. Баъди ин пирӯзӣ пешвои Чемпионати Тоҷикистон «Истиқлол» -и Душанбе бо касби 28 хол мавқеашро дар садри ҷадвали Лигаи олии кившар мустаҳкамтар намуд. «Истиқлол»   бозии ояндаи хешро санаи 2-юми август дар доираи рақобатҳои даври 1/8 ниҳоии Ҷоми кишвар бар муқобили бошгоҳи “Барқчӣ”-и Ҳисор баргузор мекунад. 
Чемпионати Тоҷикистон. Бозии мавқуфмондаи даври 10-ум.
 «Истиқлол»  - «Панҷшер» - 2:0
Голҳо: Шериддин Бобоев, 2 (1:0). Маҳмараҷаб Ҷобиров, 50 (худгол) (2:0).
«Истиқлол» (Душанбе): Рустам Ятимов, Зоир Ҷурабоев (Алексей Ларин, 65), Табрези Давлатмир, Аҳтам Назаров, Искандар Ҷалилов, Алишер Ҷалилов, Комрон Турсунов, Муҳаммаҷон Раҳимов, Эҳсони Панҷшанбе, Шериддин Бобоев, Шаҳром Сулейманов.
«Панҷшер» (Ҷ. Балхӣ): Годсон Куйае, Маҳмараҷаб Ҷобиров, Абдулатиф Тоҷиахмедов, Шавкат Худойназаров (Аҳлиддин Ёров, 87), Ҳасан Холов, Маҳмуд Ғаюров (Аюб Ҳакимов, 76), Хайриддин Турахонов (Қурбонҳусейн Ёрҳусейнов, 86), Хуршед Абдуллоев, Шарифҷон Қодиров, Сулаймон Собиров, Ҷурабек Юсупов.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив