LIVE

“Истиқлол” барои бозӣ бо «Ал-Аҳлӣ» ба Ҷидда сафар кард

Дастаи “Истиқлол”-и Тоҷикистон бо мақсади анҷом додани бозии дуюми даври интихобии Лигаи Чемпионҳои Осиё  бар муқобили тими футболи «Ал-Аҳли» -и Арабистони Саудӣ ба шаҳри Ҷидда сафар намуд. Қаҳрамони бисёркаратаи футболи тоҷик баъд аз сафари тӯлонӣ тамринҳои қабл аз бозиро ба роҳ монд.  Ҳайати мураббиёну футболбозони даста феълан дар ин шаҳри Арабистони Саудӣ қарор доранду барои бозии дар пешистода омодагӣ мебинанд. Ёдовар мешавем, ки дар даври плей-оффи Лигаи Чемпионҳои КФО-2020  фардо бо дастаи  «Ал-Аҳли» -и Арабистони Саудӣ  рақобат мекунад. Дар бозии аввали даври интихобӣ “Истиқлол” дар рақобат бар муқобили “Локомотив”-и Ӯзбекистон бо ҳисоби 0 бар 1 ғалаба намуд.  Дастае, ки дар ин вохӯрӣ ба пирӯзӣ даст меёбад, ба рақобатҳои гурӯҳии Лигаи Чемпионҳои КФО - 2020  роҳхат мегирад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив