LIVE

Бо шарофати пирӯзии "Истиқлол" дар финал, "Хуҷанд" ба Ҷоми КФО-2020 роҳ ёфт


Баъди пирӯзии дастаи "Истиқлол" дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон -2019 бошгоҳи "Хуҷанд" ба мусобиқаи Ҷоми КФО-2020 роҳхат гирифт. "Хуҷанд", ки имсол дар Лигаи Олӣ мақоми дуюмро касб кард, барои роҳ ёфтан ба ин мусобиқаи байналмилалӣ як роҳ дошт-ғалабаи "Истиқлол" дар финали Ҷоми Тоҷикистон. Ҳамин тавр ҳам шуд, ки бошгоҳи шаҳри Душанбе "Регар ТадАЗ"-ро дар силсилазарбаҳои 11 метра мағлуб карда, роҳи ҳарифи азазилашро ба бозиҳои плей-оффи Ҷоми КФО-2020-ро ҳамвор сохт. Бозии интихобӣ ва роҳхат ба марҳилаи гуруҳӣ барои "Хуҷанд" моҳи феврал баргузор мегардад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив