LIVE

Ҷоми Тоҷикистон-2019 насиби кӣ мешавад?

Бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2019 оид ба футбол 24-уми ноябр миёни дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, ҷоизадори медали биринҷии мусобиқаи имсолаи лигаи олии кишвар, доир мегардад. Бозии ниҳоӣ дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор рӯзи якшанбе соати 14:00 шуруъ мешавад.
Агар «Истиқлол» дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2019 ғолиб ояд, онгоҳ роҳхат ба Ҷоми КФО (Конфедератсияи футболи Осиё)-2020 насиби ҷоизадори нуқраи қаҳрамонии Тоҷикистон-2019 – дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд - мегардад.
Дар мавриди пирӯзии «Регар-ТадАЗ» дар финали Ҷоми Тоҷикистон, бошгоҳи шаҳри Турсунзода ба ҳаққи ширкат дар Ҷоми КФО-2020 аз марҳилаи муқаддамотӣ мушарраф мешавад.
Ҷоми Тоҷикистон-2019
Финал
24-уми ноябр (якшанбе)
Оғози бозӣ – соати 14:00
«Истиқлол» – «Регар-ТадАЗ»
Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив