LIVE

СИПОСГУЗОРИИ “ИСТИҚЛОЛ” АЗ КОРМАНДОНИ САФОРАТ ВА МУХЛИСОН!

Бошгоҳи футболи «Истиқлол» ба кормандони Сафорати Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ барои мусоидат ва кӯмак дар вақти будубоши даста дар ин кишвар миннатдории самимонаи худро баён медорад. Мо ба Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ, ки дар бозӣ бо “Ал-Аҳли” ширкат дошт, изҳори сипос мекунем. Пас аз анҷоми бозӣ, дипломати тоҷик бо дастаи мо мулоқот карда, ба “Истиқлол” барои бозии арзанда изҳори сипос намуд ва ба онҳо дар бозиҳои оянда барори кор таманно кард.
Мо инчунин ба ҳамватанони худ, ки ба варзишгоҳ омада, дастаро дар ҷараёни бозӣ гарм дастгирӣ намуданд, изҳори сипос менамоем.
Ташаккур ба ҳама!!!

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив