LIVE

Ҳаким Фузайлов аз курсии сармураббигии “Истиқлол” канор рафт

Бегоҳии 27-уми июн мутахассиси тоҷик - Ҳаким Фузайлов аз симати курсии сармураббигии бошгоҳи овозадори футболи “Истиқлол” истеъфо дод. Тиқби иттиллои сомонаи расмии бошгоҳи “Истиқлол” Ҳаким Фузайлов бо хоҳиши худ аз курсии самураббигии даста канор рафт. Ӯ ин қарорро бегоҳии 27-уми июн пеш аз тамрини даста баровардааст. Роҳбарияти даста дархости Ҳаким Фузайловро ба инобат гирифта, ӯро аз симаташ озод кард. Фузайловро дар ин мақом то анҷоми мавсим ёрдамчиаш Алишер Тӯхтаев иваз мекунад. Роҳбарияти бошгоҳи “Истиқлол” ба Ҳаким Фузайлов изҳори сипос намуда, дар корҳои ояндааш муваффақиятҳо таманно намуд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив