LIVE

Футболбозон дигар бо ҳам салом намекунанд

Роҳбари иттиҳоди Ассотсиатсияи футболи Аврупо (УЕФА) дастфишурии футболбозонро пеш аз бозиҳои Лигаи Чемпионҳо ва Лигаи Аврупо қатъиян манъ кард.
- Аз ин пас футболбозон дар рафти бозиҳо таҳти сарпарастии УЕФА бо рақибон ва доварон дастфишурӣ нахоҳанд кард.
- Ин ба бозиҳои Лигаи Чемпионҳо ва Лигаи Аврупо рабт дорад. Чӣ тавре, ки Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ хабар медиҳад, худдорӣ намудани футболбозон аз дастфишурӣ байни якдигар ин як иқдоми пешгирӣ аз хурӯҷи бемории коронавирус COVID-19 хоҳад буд, - гуфта шудааст дар сомонаи расмии УЕФА.
Ёдовар мешавем, ки бемории коронавирус охирҳои соли 2019 аз кишвари Чин пайдо шуда буд, ки феълан вируси мазкур дар 70 кишвари ҷаҳон хурӯҷ кардааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив