LIVE

Роҳандозии мусобиқаи нави футбол аз сӯи УЕФА

Тибқи иттилои маҷаллаи “Bild”-и Олмон Иттиҳодияи футболи Аврупо (УЕФА) тарҳи нави мусобиқаеро барои бошгоҳҳои узви ин ниҳод рӯи даст гирифтаст. Мусобиқа “Лигаи Конфренсияҳо” ном гирифта формати баргузории он мисли Лигаи Чемпионҳо мешавад. 32 даста ба 8 гурӯҳ тақсим шуда, иштироки худро оғоз мекунанд. Ғолибони гурӯҳ мустақиман ба даври 1/8-ниҳоӣ мебароянд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳои хеш ҷойи дуюмро касб мекунанд, бо дастаҳои сеюми гурӯҳҳои Лигаи Аврупо баҳри баромадан ба плей-офф мубориза мебаранд. Ғолиби мусобиқа, соли баъдӣ иштирокчии даври гурӯҳии Лигаи Аврупо хоҳад шуд.  Мусобиқа “Лигаи Конфренсияҳо” аз рӯи моҳияти худ пас аз Лигаи Чемпионҳо ва Лигаи Аврупо сеюмин мусобиқоти бошгоҳии Аврупо мегардад. Эҳтимол меравад дар мавсими 2021/22 бори нахуст дастаҳо барои касби ин ҷоиза талош кунанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив