LIVE

Чанд иштирокчии ЛЧ-ҳои мавсими оянда маълуманд?

Гарчанде мавсими ҷории рақобатҳо дар бонуфузтарин мусобиқоти бошгоҳии сайёра маъруф ба Лигаи чемпионҳо хотима наёфта бошад ҳам, вале қисми зиёди иштирокчиёни даври гурӯҳии ин мусобиқот барои мавсими 2019/20 маълуманд. Ҳафтаи сипаришуда дар тамоми чемпионатҳои миллии кишварҳои муътабари футболии Аврупо мавсими навбатӣ хотима ёфт. Аз Серияи А-и Италия ду иштирокчии боқимондаи марҳилаи гурӯҳӣ муайян шуданд. Аз 32 дастае, ки дар даври гурӯҳӣ иштирок мекунанд ҳоло номи 25 даста маълум аст. Таваҷҷуҳ кунед ба феҳристи иштирокчиён:


Тибқи муқаррароти УЕФА аз чаҳор лигаи муқтадири футболии “замини куҳан”-Испания, Англия, Олмон ва Италия 4 дастаӣ ва за Лигаи 1-уми Фаронса ва Премйер-лигаи Россия ду тимӣ роҳхатро ба даст овардаанд.  Танҳо 10 лигаи муқтадири футболии УЕФА ба даври гурӯҳии ин мусобиқот роҳхати ҳатмӣ доранд. Вале имсол бо сабаби ба финал баромадани “Ливерпул” ва “Тоттенхэм”, ки роҳхатро тавассути чемпионати худ соҳиб шудаанд, роҳхати ғолиби финал ба чемпиони Австрия дастаи “Залтсбург” гузашт.

Ҳоло тақрибан ҳамаи дастаҳои шомили сабади 1-ум марҳилаи қуръакашӣ муайянанд. 6 ҷо ба ғолиби лигаҳои муқтадири футболии Аврупо (“Барселона”, “Манчестер Сити”, “Ювентус”, “Бавария”, “ПСЖ”, “Зенит”) ихтисос дода мешавад. Ду ҷойи дигар аз они ғолибони ЛЧ (“Ливерпул” ё “Тоттенхэм”) ва ЛА (“Арсенал” ё “Челси”) дода мешавад. Кашфиёти мавсими гузаштаи Серияи А-“Аталанта” бори аввал дар даври гурӯҳии ЛЧ иштирок мекунад. Барои 7 роҳхати боқимонда 54 даста дар марҳилаи муқаддамотӣ мубориза мебаранд. Он аз 5 марҳила (интихобӣ, якум, дуюм, сеюм ва плей-офф) иборат аст. Дастаҳои нисбатан пуриқтидор ба монанди “Аякс” “ПАОК”, “Лион”, “Краснодар”, “Порту”, “Динамо Киев” ва “Брюгге” бозиҳои худро аз даври сеюми муқаддамотӣ оғоз мекунанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив