LIVE

Марги нобаҳангоми футзалбозбону бар асари коронавирус

Рӯзҳои охир хурӯҷи бемории коронавирус ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Ин беморӣ на танҳо дар варзиш, балки дар кори имрӯзаи мо таъсири бузурги худро мерасонад. Ба маълумоти сарчашмаҳо аллакай бар асари хурӯҷи коронавирус чандин мусобиқаҳои варзишии ҷаҳон лағв гардидаанд.
Дарвозабони тими миллии Эрон оид ба футзал - Илҳом Шейхӣ бар асари бемории коронавирус ба ҳалокат расид. Мавсуф 23 сол дошта, дарвозабони асосии тими яккачини бонувони футзали Эрон маҳсуб мешуд. Айни ҳол дар Ҷумуҳурии Исломии Эрон аз 245 ашхоси сироятёфтаи ин беморӣ 26 тани он ба ҳалокат расидааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив