УЕФА бозии ҷавобии даври 1/8 ниҳоии Лигаи чемпионҳо миёни тимҳои «Пари Сен-Жермен» ва «Боруссия Д» ба дигар вақту замон гузарониданист. Дар ин бора L'Equipe хабар дод.
Ба иттилои сарчашма роҳбарияти УЕФА бо мақсади пешгирӣ аз бемории коронавирус рӯзи баргузории дидори ин дастаҳоро аз рӯзи 11-уми март ба 17-ум ё 18-уми моҳи ҷорӣ гузаронад. УЕФА мақсад дорад, ки на танҳо бозиро ба дигар рӯз, балки дар дигар шаҳри Фаронса ва ё берун аз ин кишвар баргузор кунад.
Ёдовар мешавем, ки дар дидори аввал парижиҳо бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрда буданд.