LIVE

Мусовии мунтахаби Тоҷикистон бо Афғонистон

Имрӯз, 7-уми июн дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозии дӯстона байни мунтахабҳои Тоҷикистон ва Афғонистон багузор шуд. Набарди тимҳо ҷолибу пуршиддат сурат гирифта, бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфт. Гарчанде, ки Умрон Ҳайдарӣ дар дақиқаи 72-юм мунтахаби Афғонистонро ба пеш баровард, аммо, хурсандии афғонҳо дер давом накард, чаро ки дар нафасҳои охири майдондорӣ Шаҳром Самиев бо зарбаи сар тӯбро таслими дарвозаи меҳмонон намуда, мунтахаби кишварро аз бохт наҷот дод. Маврид ба ёдоварист, ки ин нахустин бозии Шаҳром бо пироҳанҳои меҳанаш ба шумор меравад. Дар ҳақиқат ҳам дар ин майдондорӣ шогирдони Усмон Тошев як сару гардан аз рақиб пеш буданд. Дар 7 бозие, ки мо бар зидди Афғонистон рақобат кардем, танҳо дар як дидор мусовӣ ва дар шаш набарди дигар пирӯз гаштаем. Ҳамин тавр мунтахаби Тоҷикистон бозии аввали дӯстонаи худро баргузор намуд. Футболбозони тоҷик бозии навбатии худро санаи 11-уми июн бар муқобили Чин баргузор мекунанд. Ёдовар мешавем, ки ин бозиҳои дӯстона як марҳилаи омодагӣ ба Чемпионати ҷаҳон-2022 ба шумор меравад.

Бозии дӯстона

Тоҷикистон – Афғонистон – 1:1

Голҳо: Умрон Ҳайдарӣ 72 (0:1), Шаҳром Самиев 88 (1:1).

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив