LIVE

Ануш Дастгир: "Мо барои Ватан бозӣ мекунем, на маблағ"

Сармураббии дастаи мунтахаби футболи Афғонистон мегӯяд, ин бозӣ як марҳилаи омодагӣ ба вохӯриҳои интихобии Ҷоми Ҷаҳон 2022 маҳсуб меёбад. Дар нишасти матбуотӣ мавсуф қайд кард, ки таркиби дастаи мунтахаби Афғонистонро 95% бозингароне ташкил мекунанд, ки дар бошгоҳҳои хориҷ ҳунарнамоӣ мекунанд. 

"Чамани майдон ва боду ҳавои Тоҷикистон барои мо ошност, зеро мо бозиҳои интихобии Ҷоми Осиёро дар инҷо доир намудем. Агар ин вохӯрӣ дар кишвари дигар мешуд, бешубҳа бозӣ бароямон мушкил меафтод. Ҳоло мо мисли дастаи Тоҷикистон ҳайати навро ташкил намудаем ва бовар дорем, ки бозии хуб нишон медиҳанд. Мо на барои маблағ, балки барои миллати худ ҳунарнамоӣ мекунем ва баъзе маврид хароҷоти тими миллиро мо худамон ба дӯш мегирем."

- Ба суоли як хабарнигор, ки чи чигуна лигионеронро ба даста даъват мекунед, зеро футболбозони тоҷике, ки дар Русия ҳастанд барои ширкат дар тими миллӣ розӣ намешаванд, ӯ чунин гуфт: 

"Агар Шумо хощед, ки он футболбозон ба тими миллӣ лозиманд, бояд аз наздик бозии онҳоро аз назар гузаронида гуфтугӯи судмандеро анҷом диҳед. Мо сӯҳбати телефонӣ кор ҳал намешавад."

Барои тими миллии Афғонистон ин бозии аввал дар соли 2019 нест. Шогирдони Ануш Дастгир қаблан бо Уммон (0-5) ва Малайзи (1-2) дар як мусобиқаи байналмилалӣ ширкат намуда, мағлуб шуда буданд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив