LIVE

Ҳамлагари Хуҷанд ба тими миллии Қирғизистон даъват шуд

Александр Крестинин сармураббии дастаи мунтахаби футболи Қирғизистон, ҳамлагари дастаи Хуҷанд Турсуналӣ Рустамовро ба ҳайати дастаи мунтахаби Қирғизистон ҷиҳати ширкат дар бозии дӯстона бо Фаластин, ки 11-уми июн дар назар дошта шудааст, даъват намуд. Дар умум ба ҳайати ин мунтахаб 6 лигионер даъват шудааст. Беҳтарин футболбоз Антон Землянухин бо сабаби ҷарoҳати бардоштааш наметавонад дар ин вохӯрии дӯстона ширкат намояд. Ин мавсими чемпионати Тоҷикистонро Турсуналӣ Рустамов хуб сипари карда истодааст. Ӯ дар доираи Лигаи олӣ дар 8 бозӣ муаллифи 3 гол шуда, 479 дақиқа дар майдон ҳунарнамоӣ кардааст. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив