LIVE

Ҳаким Фузайлов фаъолияташро дар куҷо давом медиҳад: Ӯзбекистон ё Эрон?

Эҳтимол меравад, ки Ҳаким Фузайлов собиқ сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон ва бошгоҳи "Истиқлол" дар Ӯзбекистон ва ё Эрон корро идома медиҳад. Тибқи иттилои дарёфта мутахассиси 55-солаи тоҷик аз соли 2020  фаъолияти мураббигии худро аз сар мегирад.  Фузайлов, расман кадом дастаро ба дӯш мегирад то ҳол маълум нест, аммо аз ду кишвари зикршуда пешниҳодҳо вуҷуд доранд. Ёдовар мешавем, ки Ҳаким Фузайлов бо футболи кишвари ҳамсоя аз наздик шинос буда, соли 2013-14 ба сифати сармураббӣ дар ҳайати дастаи "Локомотив"-и Тошканд кор карда буд. Бо роҳбарии ӯ дастаи мазкур баъд аз "Пахтакор" барандаи медалҳои нуқраи чемпионати Ӯзбекистон шуда, дар соли 2013 Ҷоми ин кишварро ба даст овардааст. Баъди онки "роҳи оҳанчиён" дар бозиҳои муқаддамотии даври дуюми Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2014 аз "Ал Қувайт" шикаст хӯрданд Ҳаким Фузайлов аз мақомаш барканор гардид.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив