LIVE

Истиқлол омодагиҳояшро оғоз намуд


Бошгоҳи футболи "Истиқлол" омодагиҳои хешро баъди танаффуси чандҳафтина оғоз намуд. Пешсафи ҷадвали мусобиқаи Лигаи олӣ бо ҳайати нопурраи хеш ҷиҳати омодагӣ ба нимаи дуюми мавсим дар варзишгоҳи марказӣ ба таринҳо пардохт. Дар ин бора сомонаи расмии даста иттилоъ дод. Тамринҳо бе футболбозони асосӣ, ки ҳоло дар ҳайати тими миллӣ дар Ҳиндустон қарор доранд, сурат гирифт. Дастаи "Истиқлол"-ро баъди аз вазифа рафтани Ҳаким Фузайлов ёрдамчии ӯ Алишер Тӯтаев машқу тамрин дода, дар бозиҳои чемпионати мамлакат ва Ҷоми Тоҷикистон ба майдон мебарорад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив