LIVE

Раҳматулло Фузайлов аз мақомаш истеъфо дод

Раҳматулло Фузайлов баъди ҳафт моҳи фаъолият дар дастаи ноҳияи Рӯдакӣ мақомашро тарк гуфт. Баъди ду нокомӣ аз дастаҳои "Регар ТадАЗ" (3:4) ва КМВА "Помир" (2:3) мутахассиси 41 сола тасмими ниҳоии худро боварда, бо хоҳиши худ аризаи истеъфоиашро навишт. Мавсуф дар оғози мавсими имсола ба сифати сармураббии ин даста Алиҷон Тӯрдиназаровро иваз кард. Бо роҳбарии ӯ дастаи "Кӯктош" дар мусобиқаи пеш аз мавсим то ба бозиии ниҳоии  Ҷоми ФФТ-2019 баромаад. 
     Раҳматуллов Фузайлов қабл аз ин ба сифати сармураббӣ дар дастаи КМВА "Помир", мураббии калони дар "Барқчӣ" ва ёрдамчии сармураббӣ дар дастаи яккачинӣ то 19 солаи Тоҷикистон фаъолият карда буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив