LIVE

"Реал" чор ситораашро қурбони Пол Погба мекунад

Ҳайати роҳбарияти бошгоҳи “Реал Мадрид” ба хулосае омадааст, ки сар аз мавсими нав дастаро боз ба ҳолати пешинааш баргардонад. Чуноне, ки мову шумо шоҳид шудем, “Реал” дар мавсими гузашта, ба нокомиҳои зиёде дучор шуд. Аз ҳамин фурсат истифода карда, “гаразмониҳо” омода ҳастанд, ки чор ситораи асосии худ Гарет Бэйл, Хамес Родригес (ба таври иҷора дар “Бавария”), Кейлор Навас ва Тео Эрнандесро бо ниммуҳофизатгари фаронсавии “Манчестер Юнайтед” – Пол Погба иваз намоянд. Ин чор футболбозро мо дар мавсими оянда дар ҳайати “Реал” нахоҳем дид. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив