LIVE

«Маҳалла» садрнишини «Ҷоми Формула 55»

Федератсияи футболи вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо ширкати «Формула 55» мусобиқа оид ба футболи хурдро байни маҳаллаҳои шаҳри Бохтар бо номи «Ҷоми Формула 55» аз 26 октябр оғоз намуданд, ки то 8 ноябри соли 2019 идома меёбад.
Дар мусобиқаи мазкур 8 даста - «Осимӣ», «Сарчашма», «Маҳалла», «Чордаҳум», «Зебоннисо», «Суннат», «Парвиз» ва «ТЭЦ» номнавис шудаанд ва дар 7 даври мусобиқа миёни ҳам рақобат мекунанд. Баъд аз анҷоми се даври мусобиқа дастаи “Маҳалла” бо касби 9 имтиёз дар зинаи аввали ҷадвал қарор дорад. Тими "Зебуннисо", ки 7 имтиёз аз 3 бозӣ дорад, дар ҷадвали мусобиқа ба ҷойи дуюм баромад. Дастаи "Суннат" бо 7 имтиёз дар ҷойи сеюми «Ҷоми Формула 55» қарор гирифтаанд.
Боиси тазаккур аст, ки дар даври чорум рӯзи 1 ноябри соли ҷорӣ дастаҳои «Парвиз» - «Осимӣ» ва «ТЭЦ» - «Суннат» рақобат мекунанд ва рӯзи 2 ноябри соли равон бошад, тимҳои «Сарчашма» - «Зебонисо» ва «Маҳалла» - «Чордаҳум» миёни ҳам дидор анҷом медиҳанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив