LIVE

"Истиқлол" барандаи Ҷоми агентӣ

Бо ташаббуси Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва Федератсияи футболи вилояти Хатлон аз 26 август то 5 сентябри соли ҷорӣ мусобиқаи футболи хурд миёни кормандони сохторҳои агентӣ, ки бахшида ба 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида буд, ҷамъбаст шуд. Дар ин мусобиқа 10 даста аз Раёсати Агентии мазкур ширкат карда, миёни ҳам барои ғолиб шудан мубориза намуданд. Мавриди зикр аст, ки ҳамаи бозиҳо дар майдончаи варзишии Раёсати Агентӣ баргузор гаштанд. 
Ба ин тартиб, пас аз даври охирини мусобиқаи мазкур дастаи "Истиқлол" соҳиби мақоми аввал гардид. Дастаҳои "Абдураҳмон" ва “Адолат” мутаносибан дар зинаҳои дуюм ва сеюм қарор гирифтанд. Тими “Дӯстӣ” бошад, мавқеи чорумро ишғол намуд. Дар охир ба дастаҳои ғолиб туҳфаҳоро Носирзода Солеҳҷон, сардори Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва намояндагони Федератсия футболи вилоят супориданд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив