LIVE

Мавқеи Тоҷикистон дар рейтинги нави ФИФА боло шуд

Имрӯз, 6-уми сентябри соли 2019 Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) рӯйхат ё худ раддабандии нави мунтахабҳоро мунташир намуд. Дар ин рейтинг мунтахаби футболи Тоҷикистон мавқеашро як зина боло карда, дар мақоми 119-ум қарор гирифт. Дар ҳоли ҳозир тими миллии Тоҷикистон бо касби 1152 хол дар зинаи 119-ум қарор дорад. Тими миллии Белгия бо касби 1746 хол садрнишини ҷадвал мебошад. Дар зинаи дуюм тими Бразилия бо 1726 имтиёз ва дар ҷойи сеюм бошад, Фаронса бо касби 1718 хол ҷойгир шудаанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив