LIVE

Охирон тамрин пеш аз оғозшавии Чемпионати ҷаҳон

Дирӯз ҳайати мунтахаби футболбозони навраси Тоҷикистон дар шаҳри Виторияи Бразилия охирин машқу тамрини худро пеш аз оғози рақобатҳо дар чемпионати ҷаҳон доир карданд. 
Агар дар ду рӯзи аввали тайёриҳо ба чемпионати ҷаҳон  футболбозони мо дар маҷмааи варзишиву барқарорсозии “АЕРТ”-и   Витория тамринҳои худро доир карда бошанд, пас имрӯз охирин машқи хешро дар маркази варзишии “Campo Da Estiva” гузарониданд.
Ибтидо сармураббии мунтахаби наврасони кишвар Зайниддин Раҳимов аз муҳиммияти бозии аввал ҳарф зада,  ишора кард, ки: “барои ба даври баъдӣ баромадан натиҷаи дидори аввал басо муҳим хоҳад буд”. Бо дарки ҳамин масъулият футболбозон тӯли 1 соати баъди охирин тайёриҳои худро ба бозӣ бо Камерун аз озмоиш гузарониданд. Зимни он ягон ҷузъиёти кӯчак ҳам аз мадди назар берун намонд.
Дар гӯшаи дигари варзишгоҳ мураббии дарвозабонҳо Асадулло Норов бо ҳамроҳии шогирдонаш Шоҳрух Қирғизбоев, Самандар Каримов ва Муҳриддин Ҳасанов якҷоя тамрин карданд. Муҳриддин, ки дар ҷараёни бозии санҷишӣ бо дастаи “Аудакс” осеб бардошта буд, имрӯз дар баробари ҳамкасбони дигараш дар машқҳо иштирок кард. Ҳамаи 21 футболбози ба ҳайат ҷалбшуда барои иштирок дар бозии аввал бо дастаи Камерун, ки соати 04:00-и 29 октябр бо вақти Тоҷиикистон сурат мегирад омодаанд. 
Чемпионати ҷаҳон миёни наврасон (U-17)
Гурӯҳи «Е». Даври 1-ум
29 октябр (сешанбе)
Оғози бозӣ – соати 04:00-и Душанбе
ТОҶИКИСТОН – Камерун
Сардовар: Ник Уолдрон (Зеландияи Нав).
Ёварони ӯ: Исаак Тревис (Зеландияи Нав), Джереми Гарае (Вануату).
Довари эҳтиётӣ: Иво Мендез (Боливия).
Видеодоврон: Бибиана Штайнхаус (Олмон), Луис Мигел Бранко (Португалия).
Бразилия. Кариасика, варзишгоҳи «Klеber Andrade»
Пахши мустақим: ТВ "Футбол" ва ТВ "Варзиш"

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив