LIVE

Мунтахаби Тоҷикистон (U-17) ба Бразилия раҳсипор шуд

Ҳайати мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) субҳи имрӯз тариқи хатсайри Душанбе – Истамбул ба шаҳри Сан-Паулуи кишвари Бразилия парвоз намуд.  Ба ҳайати ниҳоии мунтахаби наврасони кишвар барои иштирок дар Чемпионати ҷаҳон-2019, 21 футболбоз аз ҷумлаи 3 – дарвозабон, 6 – дифоъгар, 7 – ниммуҳофизатгар ва 5 – ҳамлавар шомил шуданд.  Дар Чемпионати ҷаҳон-2019, ки аз 26-уми октябр то 17-уми ноябр дар Бразилия баргузор мешавад, мунтахаби наврасони меҳан дар гурӯҳи “Е” бо ҳамтоёни худ аз кишварҳои абарқудрати ҷаҳон Камерун, Испания ва Аргентина неру месанҷанд. 
Дар даври нахустини Чемпионати ҷаҳон-2019 мунтахаби Тоҷикистон санаи 28-уми октябр бо тими мунтахаби Камерун рақобат мекунад. Ин дидор соати 20:00 бо вақти Бразилия ва соати 04:00 субҳи 29-уми октябр ба вақти Душанбе дар назар аст). Дар даври дуюм рӯзи 31-уми октябр шогирдони Зайниддин Раҳимов (соати 01:00-и 1 ноябр ба вақти Душанбе) бо мунтахаби Испания майдондорӣ мекунанд. Дар бозии ниҳоии хеш наврасони то 17 солаи меҳан санаи 3-юми ноябр (соати 01:00-и 4 ноябр ба вақти Душанбе) бо ҳамтоёни худ аз кишвари Аргентина вохӯрӣ анҷом медиҳанд. Ҳамаи бозиҳои мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар варзишгоҳи «Estаdio Klеber Andrade»-и шаҳри Кариасика доир мешаванд. 
Ба даври 1/8 ниҳоии ҶҶ-2019 ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ ва инчунин чор дастаи дигаре, ки аз дигарон натиҷаи беҳтар доранд, роҳхат мегиранд. 
Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон (U-17) барои иштирок дар Чемпионати ҷаҳон-2019:
Дарвозабонҳо: Шоҳрух Қиргизбоев, Самандар Каримов (ҳарду – «Локомотив-Помир»), Муҳриддин Ҳасанов («Парвоз»);
Дифоъгарон: Исроил Холов, Шаҳром Назаров, Ҷонибек Шарипов, Меҳробҷон Азимов, Муҳаммадрасул Лутфуллоев, Шоҳрух Сангов (ҳама – «Локомотив-Помир»);
Ниммуҳофизатгарон: Ҳамадонӣ Камолов, Эмомалӣ Аҳмадхон, Шарифбек Раҳматов, Нидоёр Забиров, Озодбек Панҷиев, Шӯҳрат Элмуродов, Умедҷон Холиқов (ҳама – «Локомотив-Помир»);
Ҳамлаварон: Ислом Зоиров, Рустам Соиров, Азизбек Ҳасанов, Парвиз Хоҷиев (ҳама – «Локомотив-Помир»), Сунатулло Исмоилов («Хатлон»).
Сармураббӣ: Зайниддин Раҳимов

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив