LIVE

Фестивали футбол ба хотири гусели тими наврасон ба ЧҶ-2019

Федаратсияи футболи Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон як қатор фестивалҳоро доир кард, ки ба гусели тими наврасони Тоҷикистон (U-17) ба Бразилия ҷиҳати иштирок дар Чемпионати ҷаҳон-2019 нигаронида шуда буд.

Фестивалҳои футбол дар шаҳрҳои Ваҳдат, Бохтар, Истаравшан ва Хуҷанд доир гардиданд. Дар иди футбол бозингарони тими наврасони то 17-солаи Тоҷикистон бо кӯдакон бозиҳо анҷом дода, ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ, тӯб ва либоси варзишии футбол тақдим намуданд.
12 октябр чунин фестивал дар майдонҳои футболи Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор мешавад. Оғоз – соати 11:00.

Ёдовар мешавем, ки дар Чемпионати ҷаҳон-2019 (U-17), ки аз 26 октябр то 17 ноябр дар Бразилия доир мегардад, тими наврасони Тоҷикистон дар гурӯҳи “Е” бо дастаҳои мунтахаби наврасони Испания, Аргентина ва Камерун бозӣ мекунад. 28 октябр дар даври аввал футболбозони навраси мо бо тими Камерун вомехӯранд, дар даври дуюм 31 октябр муқобили Испания ва дар даври сеюм 3 ноябр муқобилӣ Аргентина бозӣ мекунанд.
Дар чемпионат 24 даста дар 6 гурӯҳ ширкат менамоянд. Аз ҳар гурӯҳ дудастаӣ ва 4 дастаи беҳтари ҷои сеюми гурӯҳҳо ба ҳаштякфинал роҳхат мегиранд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив