LIVE

Ҷамъомади таълимиву тамринии тими наврасони Тоҷикистон хотима ёфт

Ҷамъомади таълимиву тамринии як ҳафтаинаи дастаи мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон дар шаҳри Сан-Паулуи Бразилия рӯзи 24-уми октябр хотима ёфт. 
Баъд аз ду рӯзи барпо кардани тамринҳо дар майдони “Жозе Либеранч” футболбозони мо дигарбора ба пойгоҳи машқу тамринии дастаи ҷавонони Палмейрас баргаштанд. Бо дарназардошти бозии дишаба бо тими Академияи “Аудакс” ҷараёни машқу тамринҳои рӯзи охири футболбозони мо хусусияти барқароршавиро дошт. 
22-юми октябр дар ҷараёни бозӣ дарвозабон Муҳриддин Ҳасанов ва сарвони даста Ислом Зоиров каме осеб бардоштанд. З-ин рӯ онҳо дар ҷараёни тамрини имрӯза дар алоҳидагӣ бо иҷроиши чанд машқи муайншуда иктифо карданд. Аз суҳбат бо табиби даста Фаррух Авезов маълум шуд, ки ҳолати ин ду бозигари калидии тими наврасони кишвар хуб буда, осеби бардоштаашон чандон ҷиддӣ нест ва ҳар дуи онҳо имкони иштирок дар бозии аввали чемпионати ҷаҳон бо Камерунро доранд.
Ба ғайр аз Ислом Зоиров ва Муҳриддин Ҳасанов футболбозони дигарамон дар гурӯҳи умумӣ ба тамрин фаро гирифта шуданд. Машқу тамринҳои имрӯза ҳудуди як соат идома ёфт. Пас аз иҷроиши машқҳои муайяншудаи барқароршавӣ, ки 45 дақиқаи аввалро дар бар гирифт, футболбозон тӯли 15 дақиқаи баъдӣ бо тӯб кор карданд.
Бо ҳамин ҷамъомади таълимиву тамринии як ҳафтаинаи футболбозони то 17 солаи кишвар дар шаҳри Сан-Паулуи Бразилия хотима ёфт. Рӯзи 24-уми октябр ҳайати мо ба шаҳри Витория сафар мекунад. Ҳамаи бозиҳои тими наврасони кишвар дар 18-умин чемпионати ҷаҳон миёни наврасон маҳз дар ҳамин шаҳри иёлоти Сент-Эспириту сурат мегирад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив